Як «лайк» ба навиштаи Ҳабиб футболбози фаронсавиро аз дастааш маҳрум мекунад?

Ноиби президенти ҳизби «Ассотсиатсияи миллӣ»-и Фаронса Ҷордан Барделла даъват кардааст, ки футболбози клуби «Пари Сен-Жермен» Преснел Кимпембе барои писанд (like) гузоштан ба навиштаи қаҳрамони варзиши сабуки UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз дастаи мунтахаби ин кишвар хориҷ карда шавад.

Варзишгари русиягӣ дар Инстаграм Президенти Фаронса Эммануэл Макронро барои дастгирии карикотураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) махлуқ хондаву таҳдид кардааст, ки ба зудӣ бо ӯ «ҳақашро баробар мекунад».

Футболбози 25-сола, ки хатмкардаи академияи ПСЖ мебошад ва бо тими миллии Фаронса 11 бозӣ гузаронидааст, ин амалашро аз надонистани забони русӣ донист. «Ман русиро намедонам», — гуфтааст ӯ — аммо оё ин баҳонаи расмӣ аст? Мардумро аблаҳ фикр кардааст. Дигар барои Кимпембе, касе, ки ҷиҳодро дар Instagram тасдиқ мекунад, намехоҳад масъулиятро ба дӯш гирад ва моро бехирад ҳисоб мекунад, дар дастаи мунтахаби Фаронса ҷой нест. Содалавҳӣ бас аст!», — даъват кардааст сиёсатмадори фаронсавӣ.

Илова бар Кимпембе, постҳои мазҳабии Хабибро чанд футболбози ҳозира ва собиқ, аз ҷумла собиқ бозигари «Манчестер Юнайтед» ва «Реал Мадрид» Дэвид Бекхэм, ҳамлагари «Реал Мадрид» Карим Бензема, нимҳимоятгари «Барселона» Миралем Пианич, ҳимоятгари «Кристал Пэлас» Мамаду Сако, нимҳимоятгари «Челсӣ», ки дар «Наполӣ» бозӣ мекунад Тиемуэ Бакайоко, нимҳимоятгари «Регина» Рикардо Фатӣ ва дигарон писанд кардаанд.

Қаблан Макрон куштори ваҳшиёнаи профессор Самуил Патиро «ҳамлаи террористии исломӣ» номид, ки ӯро Абдуллоҳ Анзорови 18-солаи чечен барои нишон додани карикотураи пайғамбар Муҳаммад (с) сар буридааст. Баъдтар, дар саросари Фаронса иқдомҳое ба хотираи Патӣ баргузор гардид, ки ин омӯзгор пас аз маргаш бо мукофоти олии кишвар — Ордени Легиони Шараф сарфароз гардонида шуд.

Президенти Фаронса, инчунин гуфт, ки кишвараш аз нашри ҳама гуна тасвирҳои карикотурӣ даст намекашад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *