Як мусовӣ ва як шикасти КМВА

Дар Минтақаи марказии Ҷоми AFC-2022 ду дастаи Тоҷикистон — «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва КМВА-и Душанбе ширкат доранд, ки аввалӣ дар як бозӣ пирўз шуд, дуюмӣ як мусовӣ карду як шикастро таҳаммул намуд.

Дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2022, барандаи медали биринҷии Чемпионати Тоҷикистон — Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бо чемпиони Туркманистон “Олтин Асир”-и Ашқобод мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Ҳар ду голро дар ин бозӣ футболбозони дастаи артиш ба самар расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари КМВА Элчибек Рашидбеков нохоста тўбро вориди дарвозаи дастааш кард. Дар дақиқаи 90+3-юм Абдулло Шарифов КМВА-ро аз бохт наҷот дод.

Дар бозии дигари гуруҳи “Е” дастаи “Суғдиёна”-и Ӯзбекистон бар дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирўз шуд.

Дар даври дуюм КМВА-и Душанбе, ки тақрибан тамоми қисми дуюми вохўриро бо даҳ нафар бозӣ кард, аз дастаи «Суғдиёна»-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хўрд. Дар ҳайати дастаи шаҳри Душанбе Элчибек Рашидбеков ва Хуршед-Тимур Ҷўраев гол заданд. Шоҳрўз Норхонов дар ҳайати «Суғдиёна» ба номаш дубл сабт кард. Як голи дигарро Ҷасур Ҳасанови 38-сола ба самар расонд.

Дар вохўрии дигари гуруҳи «Е» чемпиони Туркманистон «Олтин Асир» бар «Нефтчӣ» бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард.

Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозиҳо «Суғдиёна» шаш имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. «Олтин Асир» 4 хол ва КМВА як хол доранд.

Тақдири ҷойи аввали гуруҳ 30-юми июн паз аз рақобати дастаҳои «Суғдиёна» ва «Олтин Асир» муайян мегардад. Барои баромадан ба даври навбатӣ ба клуби Ӯзбекистон ҳисоби мусовӣ басанда аст, дар ҳоле ки «Олтин Асир»-ро барои идомаи мубориза дар Ҷоми КФО танҳо пирўзӣ зарур мебошад.

Дастаи «Хуҷанд» дар бозӣ бо дастаи «Копетдоғ»-и Туркманистон бо натиҷаи 3:1 пирўз шуд. Дар даври дуюм «Копетдоғ» бо ҳисоби 1:0 «Дордой»-и Қирғизистонро шикаст дод. «Хуҷанд» бозии навбатии худро 30-юми июн бо «Дордой» баргузор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *