Як пешниҳод ба директори Театри Бохтар

Майдони назди театри овозадори шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов макони сайругашти сокинони шаҳр ва баргузории ҷашнвораҳову ҷамъомадҳои шаҳриву вилоятӣ аст.

Ҳар гоҳ, ки ба ин майдон меоям, як камбудии ҷиддиро мебинам. То ҳол дар ин майдон барои нишастан курсӣ ё харак сохта нашудааст. Онҳое, ки ба тамошои намоишҳои театр меоянд ё каме дар ин майдон сайругашт кардан мехоҳанд, ҷойи нишастан намеёбанд.

Солҳо директори ин театр ҳунарманди номвар Аловиддин Абдуллоев буданд. Ҳоло шогирди эшон — ҷавони болаёқат Отахон Саидов ин вазифаи масъулро ба дӯш дорад. Пешниҳод мекунам, ки ин камбудии кӯчакро бартараф кунад ва дар атрофи майдон курсиҳои замонавӣ бисозад…

Асадуллои САЪДУЛЛО, шаҳри Бохтар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *