Як пешниҳоди сарнавиштсози Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба Шавкат Ниёзӣ

Сафири адабиёти тоҷик

— Салом, устод!

— Салом. Шумо кӣ?

 -Ҳамдампур. Мехоҳам ба зиёрати шумо биёям.

— Аз Тоҷикистон? Биёед, нури дида.

Бо ҳамин суҳбати телефонӣ бо Шавкат Ниёзӣ қатъ шуд. Берун баромадам. Ҳаво сард буд. Барф бошиддат меборид. Шавкат Ниёзӣ — намояндаи доимии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1957 дар Маскав зиндагӣ дошт. Ӯро сафири адабиёти тоҷик дар Россия меномиданд. Макони зисти ӯ Переделкино, шаҳраки (бӯстонсаро)  нависандагон буд, ки соли 1933 бо пешниҳоди Максим Горкий ва дастури Иосиф Сталин бунёд гаштааст. Дар ин бӯстонсаро  Борис Пастернак, Корней Чуковский, Булат Окуджава, Ираклий Андроников, Константин Паустовский, Белла Ахмадулина, Евгений Евтушенко, Фазиль Искандер, Анатолий Рибаков ва дигар нависандагони бузурги рус зиндагӣ кардаанд.

Ҳанӯз андешаи чӣ гуна ба бӯстонсаро рафтан доштам, ки занги телефон баланд шуд.

— Ман Азиз, писари Ниёзӣ. Шумо кай меоед?

— Аллакай ба роҳ баромадам, — гуфтам.

— Беҳтар, ки бо метро биёед, то истгоҳи Новопеределкино. Бо мошин роҳ тӯлонӣ, яхбандӣ.

Мувофиқи тавсияи Азиз, корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, ба истгоҳи зикршуда расидам. Аз он ҷо то бӯстонсарои Иттифоқи нависандагон бо таксӣ даҳ дақиқа роҳ аст. Бӯстонсарои Шавкат Ниёзӣ хурди якошёна буд. Баробари ворид шудан ба истиқболам марди банури мӯйҳояш сафед шитофт. Донистам, ки он кас Шавкат Ниёзӣ ҳастанд. Зеро борҳо аксашонро дида будам, аммо рӯ ба рӯ бори аввал. Маро барои нашастан рӯи суфа даъват карданд. Шавкат Ниёзӣ баъди ҳолпурсӣ ба ошхона, ки дар муқобили ҷои нишасти мо қарор дошт, шитофтанд ва кафгиррро ба даст гирифта, бо кофтани дег машғул шуданд.

Шариф Ҳамдампур ҳангоми суҳбат бо Шавкат Ниёзӣ

— Аз ин қадар роҳи дур ба дидани ман омадед, худам бароятон оши палов мепазам, — гуфтанд ва идома доданд. Дар ин хона аз Тоҷикистон бисёр меҳмонҳо буданд: Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳодизода, Маъсумӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ… Устод Турсунзода ҳар боре, ки ба Маскав меомаданд, мегуфтанд, ки Шавкатҷон, биё, рафтем оши палов мепазем. Ана, палови ман ба шумо ҳам насиб кардааст.

— Устод, узр, шумо одами муътабар, хизматнишондода маро дар хиҷолат гузоштед.

-Ман ин корро  аз таҳти дил мекунам. Ҳамеша чашмам чор аст, ки аз Тоҷикистон касе дарамро мекӯфта бошад. Аз соли 1957 дар ин шаҳр мусофирам. Аз ҳамон сол инҷониб дар роҳи ташвиқи адабиёти тоҷик қарор дорам. Ба ин вазифа омаданам ҳам таърихи аҷиб дорад. Баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Институти шарқшиносии АИ СССР, ҳанӯз дар Маскав будам. Рӯзе хабар расид, ки  Мирзо Турсунзода даъват доранд. Соли 1957 буд. Меҳмонхона наздашон рафтам. Гуфтанд, ки намояндаи адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони СССР мешавӣ. Ин пешниҳоди ногаҳонӣ буд. Дилам мехост ҳар чӣ зудтар ба  Душанбе, ба Ватан баргардам. «- Ҳодизода ҳастанд, рисолаи номзадиашонро ҳам ду сол пеш ҳимоя карданд, русиашон аз ман хело хуб»- гуфтам. «- Медонам, вале он кас барои Тоҷикистон зарур, домулло Ғафуров мегӯянд, ки дар Душанбе Институти шарқшиносӣ мекушоянд. Тайёр шавед, бегоҳ назди домулло меравем».

Ҳодизода воқеан донандаи хуби адабиёти классикӣ буданд, ҳатто домулло Айнӣ он касро эътироф мекарданд.

Бегоҳ ҳамроҳи Турсунзода назди домулло Ғафуров рафтем. Моро хуб қабул карданд. Дар бораи рисолаи номзадиам пурсиданд, боз пурсиданд, ки дипломро гирифтам ё не. Дар ҷавоб гуфтам, ки имзо гузоштанд, бояд ҳамин рӯзҳо гирам. «Дар Душанбе Институти шарқшиносӣ мекушоем. Ҳама масъалаҳо ҳал шудагӣ, танҳо кадр намерасад. Ҳодизода бояд Душанбе раванд. Шумо ба ҷои он кас дар Маскав мемонед». Ман хап нишастам. Чӣ гуфтанамро надонистам. Чӣ ҳам мегуфтам, дар назди ду шахси бузург.

Ана, аз ҳамон вақт ин ҷониб дар Маскав.

Азиз аз ҷой бархест ва ба назди падар рафт:

-Шумо шинед, бо меҳмон суҳбат кунед, оша ман мепазам.

-Не, барои меҳмон худам ош мепазам.

-Шарифҷон,  номи рӯзномаатон чӣ буд? –ба ман рӯй оварданд Шавкат Ниёзӣ.

— «Тоҷикистон».

-Ҳа, «Тоҷикистон» ҳамсоли ман.  Ҳама бузургони миллат аз  домулло Айнию Ғафуров сар карда, дар ин рӯзнома мақола чоп кардаанд. Ман ҳам чандин мақолаю очеркҳоямро дар рӯзномаи шумо чоп карда будам. Шавкат Ниёзӣ аввалин одаме набуданд, ки ин суханро мегуфтанд. Чанд сол қабл, ҳангоми сафар ба Эрон ин ҳарфҳоро аз забони вазири мудофиа Шералӣ Хайрулло шунида будам: «Ман газетаи «Тоҷикистон»-ро аз давраи хизмати аскарӣ, замони Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳол мехонам».

Ман бо ҳайрат пурсидам:

-Шумо чанд сола ҳастед?

-Таваллудам соли 1927.

Ин дам хостам дар бораи «Тоҷикистон» маълумоти мукаммал диҳам. Аммо дар либоси генералӣ аз дар ворид шудани низомие риштаи суҳбати моро бурид.

(Давом дорад)

Шариф ҲАМДАМПУР

Зиндагиномаи Шавкат Ниёзӣ

Шавкат Ниёзӣ 19 декабри соли 1927 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Бо ташвиқи Садриддин Айнӣ ӯ ва бародараш Фотеҳ Ниёзӣ, ки полковники Горнизони ҳарбии Туркистон буд, ба Тоҷикистон меоянд. Падари Шавкат Ниёзӣ раиси аввалин бонки Аврупоӣ дар Осиёи Маркази (Бухоро) буд. Мавсуф соли 1948 факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм мекунад. Муддате ба сифати устоди ҳамин донишгоҳ кор мекунад. Соли 1957 дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Аз ҳамон сол мушовир ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ.

Шавкат Ниёзӣ сафири адабиёт ва фарҳанги тоҷикон дар Маскав буд.

Ӯ дар таҳқиқ ва омӯзиши раванди инкишофи адабиёти халқҳои шӯравӣ, махсусан, адабиёти муосири тоҷик нақши бузург дорад…  Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Устод Рӯдакӣ, Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, А. Шукӯҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, ҳамчунин, А. Пушкин, А. Фадеев ва дигарон асарҳои пурарзиш эҷод кардааст. Яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои шӯравӣ» (1974) мебошад.

Шавкат Ниёзӣ дар риштаи тарҷума корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Тарҷумаи осори М. Горкий «Вася Железнова», А. Доде «Зани арлезианӣ», Сервантес «Ғори Сулаймон», Ч. Ҳейерманс, «Ҳалокати «Умед», А. Чехов «Тӯйи зангирӣ», Л. Раҳманов «Пионери ноором», В. Собко «Барои ҷабҳаи дувум», романҳои А. Стил «Зарбаи аввал», Б. Сайтоқов «Бародарон», Б. Карбобоев «Зодаи мӯъҷизаҳо» (ҳамроҳи Р. Ҳошим ва Ш. Шараф), Қ. Қулиев «Корвони сиёҳ», ҳикояҳои алоҳидаи Р. Такур, В. Ҳюго ва А. Чехов аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Шавкат Ниёзӣ мураттиб ва ношири баёзҳои «Мушоира» (ҳамроҳи Р. Ҳошим; Маскав, 1967), «Садои дӯстон» (Маскав, 1973), «Дар домани кӯҳҳои кабуд» (Маскав, 1979, 1985), «Лолачинӣ» (Маскав, 1982) ва ғ. мебошад, ки ба забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, урду чоп шудаанд.

Солҳои тӯлонӣ дар Институти давлатии санъати театрӣ (ГИТИС)-и ба номи Луначарский ва Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкий дарс гуфтааст. 

Корманди хидматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1976) ва Корманди хизматнишондодаи маданияти РСФСР (1978). Профессор, доктори ифтихории АИ театрии Россия (1996), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1959) мебошад.

Шавкат Ниёзӣ 15 март дар Маскав аз олам даргузашт. Ӯ орзу дошт дар Лучоб қатори ҳамрадифонаш Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Бародараш Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев… хок шавад. Вале афсӯс, ки ин орзу ба хок бурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *