Як пирўзӣ ва як мусовии наврасони Тоҷикистон дар CAFA-2022

Имрўзҳо дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Тоҷикистон идома дорад.

Дар даври якуми мусобиқа дастаҳои Ўзбекистон бо Эрон ва Афғонистон бо Қирғизистон мусовӣ бозӣ карданд. Бозии якум бо ҳисоби 2:2 ва бозии дуюм бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов мусобиқаро бо ғалаба оғоз кард. Наврасони Тоҷикистон дар даври якум озод буданд ва дар даври дуюми мусобиқа ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд. Голҳоро Масрур Ғафуров (аз пеналтӣ) ва Шерафган Саидов заданд.

Дар бозии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) Ўзбекистон дарвозаи футболбозони Афғонистонро голборон кард — 6:0.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо тими наврасони Афғонистон мусовӣ бозӣ кард. Бозии дастаҳо 16-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бе гол (0:0) анҷом ёфт.

Дар бозии дигари даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) Эрон Қирғизистонро мағлуб кард — 2:0.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов ду бозии дигар бо дастаҳои Эрону Афғонистон баргузор мекунанд. Чемпионат мувофиқи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *