Ёвон: 6400 ҷойи нишасти нав барои хонандагон
Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим дар ноҳияи Ёвон сохтмони 112 синфхона ва се бинои иловагӣ идома дорад.
Ба иттилои раиси ноҳия Икромиддин Вализода, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ 6400 ҷойи нишаст барои хонандагон муҳайё мешавад.
Сохтмони иншоот дар назди 10 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои рақами 18, 22 ва 27 бо дастгирии Вазорати маориф ва илм, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мешавад.
Айни замон дар ноҳия 85 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 70 ҳазор хонанда фаъолият дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ