Юрий Лужков ва Ҳошим Гадо

Артисти халқии СССР Ҳошим Гадо бо ҳунари нотакрораш натанҳо тоҷикон, балки ҷаҳониёнро низ ба ҳайрат овардааст. Яке аз нафароне, ки ба ҳунари Ҳошим Гадо қоил шуда, кафкӯбӣ кардааст, мири шаҳри Маскав Юрий Лужков мебошад…

Соли 1997 Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Душанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд. Ҳама барномаву намоишҳо ба сокинони пойтахти Русия писанд омад. Вале, тамошои намоишномаи «Эдип”, ки дар пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанг пешниҳод карда шуд, ҳама мухлисонро ба ваҷд оварду такон дод, ки муддати дурудароз ба пой рост истода, кафкӯбӣ карданд.

Пас аз анҷоми намоишнома мири шаҳри Маскав Ю. Лужков барои аҳли фарҳанг зиёфат меорояд. Вале, чун мебинанд, ки устод Ҳошим Гадо ҳузур надоранд, узви ҳайат Муллошариф Одинаевро, ки корманди шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе аст, барои даъвати устод мефиристанд. Ӯ аз он чӣ, ки шоҳид шудааст, чунин ёдовар мешавад:

— Дари ҳуҷраи меҳмонхонаро кушодам, дидам, ки устод тараддуди омода шуданро доранд. Баданашон пас аз намоишнома ҳама сиёҳу кабуд буд, базӯр либос мепӯшиданд…

Ҷумъахон САИДАЛӢ, журналист

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.