Забони дил дар сукути наво. Мусоҳиба бо нависанда Гулсифат Шаҳидӣ (видео)

 I. Насаб ва ҳувият

– Гулсифат, то ҷое, ки ман медонистам, ному насаби ту Гулсифат Сатторова буд?

– Бале, вале баъди издивоҷ насаби шавҳарам Шаҳидиро гирифтам.

– Ту худро имрӯз чӣ гуна муаррифӣ мекунӣ: нависанда, муҳоҷир, ҳамсари бастакори сатҳи ҷаҳонӣ ё як зани тоҷик?

– Бо ному насабам. Ҳарчанд баъд аз издивоҷ ман ному насаби шавҳарамро қабул кардам, зеро замони Шуравӣ чунин як таъомул буд, ман бо ин ҳар ду насаб фахр мекунам. Падарам инсони хоксору наҷиб буданд. Номи он кас ҳамеша ифтихори ман буд. Вале духтар, ҳатто агар духтари падар бошад ҳам, пас аз издивоҷ бояд номбардори хонадони шавҳар шавад. Аз насаби ҳамсарам низ ифтихор дорам.

«Ман бо ҳар ду насаб фахр мекунам – бо номи падар ва бо рисолати хонадони шавҳар».

 II. Оҳуи саркаш

– Медонам, ки солҳои донишҷӯӣ ту як оҳуи саркашро ба хотир меовардӣ. Намедонам ин аз чӣ буд. Аммо мо, ҳамкурсон, мегуфтем: Ана, духтари вазир омад. Духтари вазир будан бароят ифтихор буд?

– Рост. Ман бо падар ифтихор мекардам, на бо мансаби ӯ. Падарам чунон хоксор буданд, ки касе бовар намекард вазири савдо ҳастанд. Ҳангоми ҷамъомади вазирон дар Маскав, вақте дигар вазирон ҳама шикамкалон буданд, падари ман лоғари майдаандому ором буданд. Струев, вазири савдои ИҶШС мегӯяд: «Вот работяга!». Ин таъриф дар хонадони мо ҳамчун нишони Шараф боқӣ монд.

«Падарам вазир буданд, вале пеш аз ҳама инсони оддӣ».

 III. Пахтачинӣ ва хотироти ширин

– Замони донишҷӯӣ ҳар сол моро ба пахтачинӣ мебурданд. Соли аввал, ба фикрам, ноҳияи Панҷ рафтем. Ту ҳам қатори дигарон пахта мечидӣ, аммо маълум буд, ки дастат ба пахтачинӣ одат надошт.

– Бале, дар ёдам ҳаст. Он қадар гиря мекардам. Пахта баланд буд, рӯю миҷгонҳоям зери чангу хок мемонданд. Як ҳамкурси мо Қурбон, ки камбайни факултет буд, дилаш месӯхт, ба ману Ҳалима 10-килоӣ медод.

 «Ҳатто дар сахтиҳо, дӯстӣ ва инсонгароӣ ёдгор мемонад».

IV. Ниҳолаки рӯймолсурхак ба дом афтод

– Замоне, ки мо донишгоҳро хатм кардем, ту аз назарҳо нопадид гаштӣ. Гуфтанд, ки Гулсифат, ки дар гардан ҳамеша рӯймолаки сурхак дошт, онро ба гардани бастакор Толиб Шаҳидӣ баст.

– Бале, чунин шуд. Ту эҷодкор ҳастӣ, медонӣ, ки барои эҷодкор чӣ гуна шароит лозим аст. Аввал азоб кашидем – иҷора ба иҷора. Баъд хона гирифтем. Писаронамон хурд буданд, вале медонистанд, ки падарашон эҷодкор аст – ором буданд. Одаме ки оҳанг менависад, оромиро талаб мекунад. Ман ба хулоса омадам, ки бояд ба шавҳаре, ки Худо ба ӯ истеъдод додааст, шароит муҳайё кунам, мутакои ӯ бошам.

«Зан – сутуни хона, эҷодкор – сутуни рӯҳ. Ҳар ду бояд  ҳамфаҳм бошанд».

V. Аввалин мулоқот ва издивоҷ

– Чӣ гуна бо Толиб Шаҳидӣ издивоҷ кардӣ?

– Ба падарам маъқул шуданд. Ман гуфтам, ки бояд аввал донишгоҳро тамом кунам. Падарам гуфтанд, чунин шахс дигар намеояд.

– Мулоқоти аввалинат чӣ гуна гузашт?

– Агар гӯям, механдӣ. Ба ман гуфтанд, ки як нафар ба наздатон меояд. Вақте омад, ҳатто номашро намедонистам. Гуфт, ки мехоҳад дар факултет суҳбат гузаронад. Ман масъули фарҳангро даъват кардам ва худам рафтам.

«Муҳаббат на аз як нигоҳ, балки аз эҳтиром, фаҳм ва хомӯшие оғоз шуд, ки дили ду инсонро пайванд дод”.

VI. Падидаи муҳаббати асил

– Ту аз хонадони вазир ва Толиб дар хонадони бастакор. Чӣ гуна ин ду муҳит, ки дар назар яке молпарасту дигаре молики олами рӯҳонӣ ба назар мерасанд, бо ҳам созиш доштанд?

– На ҳамеша вазирон молпарасту бастакорон рӯҳонӣ ҳастанд. Ҳама аз тарбия ва маърифат вобаста аст.

– Шумо чӣ гуна навиштану навохтанро дар як хона созиш додаед?

– То 60-солагӣ эҷод намекардам. Баъд шароит муҳайё шуд, ки ба ҳам халал намерасондем.

– Сарчашмаи муҳаббатат бо Толиб чӣ буд: шахсият ё ҳунараш?

– Одамгарӣ. Зиндагӣ бо эҷодкор осон нест. Бидуни мусиқӣ наметавонад. Ман инро фаҳмидам.

«Муҳаббати асил дар сукут падид меояд, дар фаҳмиши амиқ рушд мекунад ва бе ниёз ба сухан, зиндагиро пур месозад».

VII. Мусиқӣ нафаси зиндагӣ буд

– Ту нависанда, ӯ бастакор. Дар хонаи шумо бештар сукут ҳукмфармост ё овоз?

– Овози мусиқӣ. Ман 50 сол бо ҳамсарам зери мусиқӣ, муҳити ором зистам. Илҳом аҷиб чиз будааст. Аз хоб бедор мешавию мешинию эҷод мекунӣ.

«Сукути хонаи мо аз наво пур – мусиқӣ нафаси зиндагии мо буд».

VIII. Фарзандон ва роҳи зиндагӣ

– Ҳамаи фарзандонатон – Табрез, Ҳофиз, Фирдавс номбардорони волидон ҳастанд. Асрори муваффақияти онҳо дар чист?

– Тарбия, дониш, меҳнат, сабр ва таҳаммул – панҷ пояи муҳими зиндагианд. Мо кӯшиш кардем, ки на танҳо сухан, балки амалро омӯзонем. Ман қалбамро дар қалби онҳо бигузорам, то онҳоро на бо назорат, балки бо муҳаббат ва бовар тарбия диҳам. Онҳо ба гуфтор бештар аз гуфтан таваҷҷуҳ доштанд – ва ҳамин буд, ки рушд карданд.

– Ту гармии оташи хонадон ҳастӣ. Мегӯянд, ки агар зан шавҳарашро дӯст дорад, писар мешавад. Рост аст?

– Шояд. Зан вақте бо муҳаббат зиндагӣ мекунад, нур ва ҳаёт мебахшад. Фарзанд ҳадяи Худованд аст, на натиҷаи ҳисоби инсон. Ман се фарзанди солеҳ дорам ва агар имконият медоштам, боз панҷ фарзанди дигар ба дунё меовардам. Шояд он замон духтар ҳам мешуд… Аммо муҳим он аст, ки ҳар фарзанд бояд бо муҳаббат пазируфта шавад.

«Фарзандон рӯйнамои муҳаббати пок, тарбияи самимӣ ва оинаи виҷдони волидайнанд».

IX. Тарбияи фарзандон ва муваффақияти Табрез

– Насиҳате ба фарзандон кардӣ?

– Гуфтам, ки Худо ризқи ҳар касро додааст, аммо барои ноил шудан ба он кӯшиш мебояд. Ҳамаи инро фаҳмондем. Писаронам бобояшонро дӯст медоштанд, мегуфтанд, ки “мо ҳам вазир мешавем”. Табрез продюсер шуд, ду писари дигар ба роҳи иқтисод рафтанд.

– Дар бораи Табрез зиёд шунидаам. Чӣ гуна вай муваффақ шуд?

– Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бисёриҳоро шикаст дод, аммо баъзеро обутоб дод. Вақте оташи ҷанги шаҳрвандӣ афрӯхта шуд, бояд ба Консерваторияи Маскав дохил мешуд. Пул фиристода натавонистем. Пули рубл қурбашро гум кард. Вале хонд, тоқат кард, кор кард. Ҷоизаҳои зиёд гирифт. Сипас ба продюсерӣ гузашт.

«Муваффақият танҳо самари истеъдод нест, он меваи ирода, сабр ва заҳмати беинтиҳост».

X. Қалам дар дасти зан – овози миллат

– То имрӯз чанд китоб нашр кардӣ?

– 36 китоб бо 6 забон.

– Эҷод барои ту чист: раҳоӣ аз худ ё масъулият?

– Масъулият.

– Кадом китобат бештар шахсияти туро бозгӯ мекунад?

– “Ҳамсояҳо”. Он ҷо бибиҷонам, ки афсонагӯйи мо буданд, зинда шудаанд.

– Китобе ба ҳамсар ё фарзандонат бахшидаӣ?

– Ҳамаи китобҳоямро ба онҳо бахшидаам. Мегӯям, ки инҳо барои шумоянд.

“Эҷод танҳо илҳом нест – он масъулият аст: барои худ, барои хонавода, барои миллат”.

XI. Тоҷикистон, забон ва ҳувияти миллӣ

– Тоҷикистон барои ту чист: рисолат, хотира ё чизи дигаре?

– Аз ҳама бештар – Ватан. Ҳарчанд хуни нофам дар Ленинград рехта, аммо Тоҷикистон бароям муқаддастар аст.

– Дурӣ аз Ватан барои эҷодкор хуб аст ё бад?

– Хуб аст. Ба қадри обу хокат мерасӣ.

– Агар аз ту ҳамчун зани соҳибмаърифат ва ҷаҳондида тавсияе дар мавриди забони миллӣ пурсанд, чӣ мегӯӣ?

– Дар ҳама ҷо лаҳҷа ҳаст, аммо забони адабӣ бояд мақомаш баланд бошад. Дар расона ва расмият – танҳо забони адабӣ.

«Забон решаи миллат аст, Ватан – хонаи ҷон. Бе яке дигаре маъно надорад».

– Агар Худованд ба забон меомад ва ба ту мегуфт: «Як орзуятро баён намо, то онро ба воқеият табдил диҳам». Ту чӣ мепурсидӣ?

– Мепурсидам, ки дар қалби ҳар инсон муҳаббатро зиёд гардонад – муҳаббат ба Ватан, ба фарзанд, ба ҳамсар, ба китоб, ба инсон. Зеро вақте муҳаббат зиёд аст, нафрат коҳиш меёбад, ҷаҳолат шикаст мехӯрад ва ҷоҳталабӣ ба хоксорӣ мубаддал мешавад. Ва агар як орзуи дигар ҳам иҷозат медод, мегуфтам: Худоё, як рӯз тавоноӣ деҳ, ки тамоми он чӣ аз дилам менависам, ба қалби дигарон ҳам роҳ ёбад…

Ҳусни анҷом

Зиндагии Гулсифат Шаҳидӣ китобест, ки ҳар саҳифаи он бо муҳаббат, сабр ва хидмат навишта шудааст. Ӯ на танҳо бо сухан, балки бо сукуту дарк чӣ гуна модар будан, ҳамсар будан, фарзанд будан ва зани комил буданро таълим медиҳад. Ӯ ба мо меомӯзад, ки эҷод масъулият аст, муҳаббат фаҳмиш ва Ватан дарахти решадорест, ки бо забон зинда мемонад.

Ҳар нафасе, ки бо муҳаббат аст, эҷод аст. Ҳар сухане, ки бо виҷдон аст, рисолат.

Мусоҳиб:

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *