Захарова дар пироҳани чакан зоҳир шуд

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро нашр кард, ки дар онҳо ӯ бо пироҳани тоҷикии чакан зоҳир мешавад.

Дар яке аз аксҳо Мария Захарова куртаи чакани тоҷикӣ дар тан дар ҳоле сабт шудааст, ки аз пасаш гунбазҳои зарандуди калисо менамоянд. Дар акси дигар ӯ боз ҳам куртаи чакан дар тан ҳамроҳи духтараш ва иҷрокунандаи нақши Гург дар ҷараёни наворгирии филми нав дар бораи Кӯлоҳсурхак (Красная Шапочка) акс гирифтааст.

Бино ба хабарҳо, Захарова дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи мӯд дар Маскав низ бо куртаи чакан зоҳир шудааст. Ҳафтаи мӯдро тарроҳи шинохтаи рус Вячеслав Зайтсев ташкил кард. Бисёриҳо дар зери аксҳои Захарова навиштаанд, ки чакани тоҷикӣ ба ӯ хеле зебидааст.

Мария Захарова 46 сол дошта, қариб 7 сол боз намояндаи расмӣ, ё ба истилоҳ сухангӯи рақами яки Вазорати корҳои хориҷии Русия мебошад. Захарова дар ин мақом бо интиқодҳои намакину гоҳо хеле тунду тезаш аз кишварҳои Ғарб ва роҳбарони онҳо ном баровардааст. Аммо дар бораи Тоҷикистон, тавре ба мушоҳида мерасад, ӯ ҳамеша бо лаҳни гарм ва маъмулан ҳарфҳои мусбат менависад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.