Зайнулло Шарифзода директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъин шуд

2 майи соли 2025 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнулло Шарифзода ба вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» таъин гардид.

Пеш аз ин, Зайнулло Шарифзода дар вазифаи раиси Агентии хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ӯ дорои таҷрибаи зиёди роҳбарӣ дар соҳаҳои муҳими давлатӣ мебошад ва таъини ӯ ба ин мақом дар пасманзари зарурати ислоҳоти идорӣ ва молиявӣ дар сохтори фурудгоҳ сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамзамон бо фармони Президент, Директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ аз вазифа озод карда шуданд. Ин иқдом дар пайи натиҷаҳои санҷиши молиявӣ амалӣ гардидааст, ки дар фаъолияти роҳбарии ӯ камбудиҳои ҷиддӣ ошкор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *