Заминларза дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

 Субҳи 10 июн, соати 08:14 ба вақти маҳаллӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон як заминларза бо иқтидори беш аз 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер рух додааст.

Маркази пешбинии заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки маркази ин заминларзаи ахир дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир  буда  иқтидори заминларза  4,7 баллро ташкил додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, шиддати заминларза дар шаҳри Тирмиз ва ноҳияҳои вилояти Сурхондарё, ҳамагӣ то 2 балл будааст.

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин заминларза ягон иттилоия нашр накардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *