Зан дар ҳолати мастӣ дугоникҳоро латукуб кард (расм ва навор)

Мақомоти РВКД дар шаҳри Душанбе баъ аз пахши навори лутукуби дугоникҳо аз ҷониби як зани сархуш фаври амал намуда, гумонбари ҷиноятро дастгир намуд.

Бино ба иттилои РВКД нафари дастгиргардида Сайфидинова Ҷонона Аминовна соли таваллудаш 15. 06. 1996, зодаи ноҳияи Нуробод, деҳаи Оби Гарм мебошад, ки муваққатан дар ш. Душанбе зиндагӣ мекунад. Номбурда санаи 2-юми июл дар ҳолати сархушӣ ҳангоми дар кӯчаи С. Шерозӣ рӯ ба рӯи «Корхонаи нассоҷӣ» қарор доштанаш бо хоҳарон-дугоникҳо шаҳрвандон Балосова Фотима ва Зуҳро муноқиша намуда, онҳоро мавриди лату куб қарор додааст. Ҳамзамон нисбати номбурдагон суханони қабеҳ зада, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар шаҳрвандон паст задаст.

  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Сайфиддинова Ҷонона барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо истифода аз ин фурсати муносиб минатдории худро ба нафаре, ки дар лаҳзаи содиршавии кирдори зиддиҳуқуқӣ бетарафиро ихтиёр накарда, ҳолати содиршавии ин амали номатлубро ба навор гирифта ба мақомоти милитсия фиристод, мерасонад. Ҳамзамон ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки тамоми муроҷиатҳои Шумо мавриди баррасии ҳаматарафа ва чораҷӯӣ қарор дода мешавад. Аз ин лиҳоз дар ҳама ҳолат бо мушоҳидаи амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, ҷиҳати

бартараф намудани он бо мақомоти милитсия муроҷиат намояед.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *