Зан довталаби курсии президентӣ (аудио)
Номзадии узви Шӯрои ҷамъиятии Остона Салтанат Турсунбекова ба мансаби президенти Қазоқистон пешбарӣ шудааст.
Турсунбекова масъалаҳои хушунати хонаводагиро дар Қазоқистон матраҳ мекунад. Ӯ лоиҳаи “Қазоқистони бидуни хушунат”-ро раҳбарӣ карда, ҳомии ҳуқуқ низ ба ҳисоб меравад.
Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. Президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байналмилалии илмии Остона Майрам Кажикен, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимилии сотсиал-демократи Қазоқистон ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои “Ауил” номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ