Зан, зиндагӣ, озодӣ! Занони эронӣ инқилоб хоҳанд кард?

Дар натиҷаи эътирозҳо ба хотири марги Маҳсо Аминӣ, ки 10 рӯзи охир дар саросари Эрон идома дорад, созмони ҳуқуқи башари ин кишвар мегӯяд, илова бар кушташудагон, садҳо нафари дигар захмӣ ва ё дастгир шудаанд. Ба қавли масъулони созмон, дар бисёр маврид ҷасади қурбониёнро ба оилаҳояшон ба шарти пинҳонӣ гӯрондани онҳо медиҳанд.

Инқилоби занон

Чанд моҳ пас аз он, ки Зар Амириброҳимӣ, барандаи ҷоизаи беҳтарин актриса дар ҷашнвораи имсолаи Кан пешбинӣ кард, ки инқилоби баъдии Эронро занон рақам хоҳанд зад, эътирозҳое дар Эрон шакл гирифт ва мавзӯи зану озодиҳояш меҳвари аслӣ аст.

Ин арзёбии хонум Амириброҳимӣ, ки худ қурбонии занситезӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шудааст, дар канори арзёбиҳои дигари монанд аз фаъолони маданӣ ва ҷомеашиносон бидуни пуштвона набуд.

Ва инак, занони Эрон ба кӯчаҳо баромаданд ва села-села ҳиҷобҳояшонро оташ зада, мӯйҳояшонро қайчӣ мезананд. Сабабгори ин Маҳсо Аминӣ аст.

Маҳсо Аминии 22-сола рӯзи 12-уми сентябри имсол ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз тарафи пулиси “гашти иршод”-и Эрон дастгир шуд. Аминиро баъди се рӯз дар ҳолати кома ё беҳушӣ ба шифохона бурданд ва ӯ дар онҷо даргузашт. Маргаш боиси тазоҳуроти густурда дар саросари Эрон шуд.

Фаъолон мегӯянд, ки Аминӣ дар идораи полис аз сараш зарба хӯрдааст, вале полис инро рад мекунад. Аҳмад Ваҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки “таҳқиқи тиббию судӣ нишон дод, ки латукӯб ҷой надошт”. Қаблан полис гуфт, ки ин духтар аз сактаи қалбӣ даргузашт, вале наздиконаш бо ишора ба захмҳои сангини бадани духтар ба шиканҷа шудани ӯ пойфишорӣ мекунанд.

Дар тазоҳуроте, ки тайи 10 рӯзи ахир идома дорад, ҳазорон нафар захмиву боздошт ва кушта шуданд, вале зоҳиран ҳеҷ қуввае занони Эронро боз дошта наметавонад.

Чаро “зан, зиндагӣ, озодӣ”?

Эътирозгарон, чӣ зан ва чӣ мард, дар миёни анбуҳи шиорҳои сардодашуда ба таври худҷӯш шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ”-ро ба унвони шиори аслии худ интихоб карданд.

“Калимаи зан дар ин шиор меҳварӣ аст. Зиндагӣ бидуни зан вуҷуд надорад ва озодӣ ҳам бидуни озодии занон”,- мегӯяд яке аз фаъолони тазоҳурот.

“Аммо барҷастагии нақши занон дар ин эътирозҳо фақат дар шиору аҳдофашон ё танҳо ва паёмҳояшон нест, занону духтарон бо ҳузури пурранг ва шуҷоатмандонаи худ саҳнаҳои бесобиқаро дар эътирозҳои Эрон ба намоиш гузоштанд: Аз қарор гирифтан дар сафи аввали эътирозҳо ва бардоштан ё сӯзонидани рӯсариҳо то рақсидан дар миёнаи майдон ва рӯ ба рӯ шудан бо неруҳои саркӯбгар ва ҳатто фарёд задан бар сари онҳо”,- мегӯяд доктор Фарида Аҳмадӣ, коршиноси масоили ҳуқуқи зан дар Эрон.

Ӯ афзуд, ки “ҳоло Маҳсо Аминӣ рамзи як таҳаввули амиқ ва маънодор дар кулли Ховари Миёна аст. Таҳаввуле, ки бо рафтани Ҷумҳурии Исломӣ калид хоҳад хӯрд, таҳаввуле, ки ҳанӯз ҳатто наметавонем тасаввур кунем чӣ қадр ҳаётӣ ва ба нафъи мардуми Ховари Миёна аст».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *