Зане духтари 10-солаю писари 5-солаашро 30 ҳазор афғонӣ нархгузорӣ кард

Дар Афғонистон бо омадани Толибон сари қудрат, гуруснагиву бепуливу қашiоқӣ низ дар ин кишвар доман паҳн кард. Мардум аз набудани пул ва нарасидани ғизо ба чӣ корҳое даст намезананд. Ин то ба он ҳад оварда расонд, ки мардум аз бекорӣ занҳояшонро талоқ дода, занҳо фарзандҳои худро ба фурӯш гузоштаанд.

Ва ҳамчунин бепулӣ дар Бадахшони Афғонистон боиси баста шудани мактабҳои хусусӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории Sputnik Афғонистон.

Ба иттилои манбаъ, мактабҳои хусусӣ бинобар набудани пул ва ҳузури мардум дар шаҳристонҳои вилоят баста шудаанд.

Қаблан ин се зан аз сабаби набудани кор ва алимент аз ҷониби шавҳаронашон аз онҳо ҷудо шуда буданд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш хабар расид, ки се зан аз сӯйи ҳамсаронашон ба далели набудани кор ва пайдо накардани нафақа талоқ дода шудаанд. Ин кор санаи 22 сентябр дар ҳамин вилоят сурат гирифтааст.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки тасвири зане, ки фарзандонашро ба фурӯш гузоштааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.

Бино ба гузоришҳо, бонуе духтари 10-солаашро 10 ҳазор ва писари 5-солаашро 20 ҳазор афғонӣ нархгузорӣ карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.