Зани 55-сола фоҳишахона ташкил кард

Зани номбурда хонаи истиқоматии зани 57-солаи сокини кӯчаи А.Синои пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, бори аввал санаи 13-уми марти соли 2019 ба марди 25-солаи сокини кӯчаи Хуҷамбиёи Поён ва зани 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 80-сомонӣ ва бори дуввум санаи 18-уми марти соли ҷорӣ такроран 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 55-солаи зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи худ иттилоъ медиҳад.

Тавре ВКД хабар медиҳад, номбурда хонаи истиқоматии зани 57-солаи сокини кӯчаи А. Синои пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, бори аввал санаи 13-уми марти соли 2019 ба марди 25-солаи сокини кӯчаи Хуҷамбиёи Поён ва зани 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 80-сомонӣ ва бори дуввум санаи 18-уми марти соли ҷорӣ такроран 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *