Зарринҳунар. Зане, ки ба Президент ҷомаи зардӯзӣ пӯшонд
Назрӣ Қаландарзода 59 сол дорад ва қариб аз ӯҳдаи ҳама намуди ҳунарҳои мардумӣ мебарояд. Ӯ бо ҳунари зардӯзӣ зиндагиашро пеш мебарад. Омӯзиши ин ҳунарро хонум Қаландарзода аз синни 10- солагӣ оғоз карда, ба зудӣ ба як ҳунарманди чирадаст бадал шудааст.
Қаҳрамони мо мегӯяд, ин ҳунарро аз модараш ба мерос гирифтааст, ҳанӯз аз хурдсолӣ дар хона бо ҳамроҳи хоҳаронаш ба корҳои зардӯзии модараш ёрӣ мерасонидаанд.
Модари Қаландарзода низ зардӯзӣ моҳир буд ва завқу ҳаваси духтарашро дида, касбашро омӯзондааст.
Ин зани зарринҳунар дар чандин фестивалҳои ҷумҳуриявию хориҷӣ иштирок кардааст. Қаҳрамони мо мегӯяд, ба зиёда аз даҳ давлати дунё сафар доштааст.Чор маротиба бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, барояш ҷомаи зардӯзӣ пӯшонидааст.
Хонум Қаландарзода ҳеҷ гоҳ аз касби интихобнамудааш дилгир нашудааст. Агар фармоиш қабул намояд, дигар тамоми кори зиндагиро яксӯ гузошта, сари дӯкони зардӯзӣ менишинад.
То ба имрӯз ҳунари худро ба шогирдони зиёде омӯзонидааст. Ҳоло бошад, дар мактаби рақами 11 –и шаҳри Душанбе дарс медиҳад.
Қаландарзода Назрӣ мегӯяд, панҷ фарзанди худро бо нони зардӯзӣ бузург карда, ҳунари худро ба духтар ва чор арӯсаш омӯзонидааст.
Холаи Назрӣ либосҳои арӯсиву шоҳона низ медӯзад. Бештар тариқи фармоиш либос омода мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ