Заҳролудшавӣ дар мактабҳои занонаи Эрон. Чӣ мешавад?

Аз моҳи ноябри соли гузашта садҳо духтар бо сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, сустӣ ва таппиши дил дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Наздикони онҳо ба хашм омада, аз мақомоти кишвар тақозо мекунанд, ки ин ҷинояте, ки ба онҳо қасдан содир шудааст, таҳқиқ гардад.

Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ ваъда додааст, ба касоне, ки дар заҳролудшавии гурӯҳии духтарони донишомӯз даст доранд, муҷозоти сангин хоҳад дод. Вай гуфтааст: «Ҷинояткорон бояд ҷазои сахт гиранд. Ин ҷинояти вазнин ва афвнопазир аст. Барояшон ягон афв ва тараҳҳуме нахоҳад буд».

Ин ҳодиса дар беш аз панҷоҳ мактаби Эрон рух дод. Донишомӯзон дар бораи бӯйҳои гуногун, тухм ва мандаринҳои пӯсида ва ё баръакс, бӯйҳои пурқувват хабар доданд. Муфаттишон ҳанӯз маълум накардаанд, ки кадом пайвастагиҳои кимиёвӣ истифода шудаанд.

Расонаҳо ва мақомот бар ин назаранд, ки ин ҳамлаҳои барқасдона барои бастани мактабҳо ва қатъи таҳсили занон дар кишвар буда метавонад.

Вариантҳои дигар – вирус, заҳролудшавӣ аз ғизо ва ҳатто истерияи оммавӣ пешниҳод карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *