Ӯзбекистон маҳсулоташро дар Душанбе ба намоиш ва фурӯш гузошт

Имрӯз, 17 апрел дар шаҳри Душанбе 1500 навъи маҳсулоти Ӯзбекистон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Дар маросими намоишгоҳи маҳсулоти Ӯзбекистон, ки дар маркази «Пойтахт-90» доир гашт, 161 ширкати  кишвари ҳамсоя ва ҳудуди 500 тоҷири узбекистонӣ ширкат варзиданд.  Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, ки дар ин намоишгоҳ соҳибкорони узбек ҳудуди 1500 намуди маҳсулоти тавлиди ширкатҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Вай афзуд: «Ин намоишгоҳ дар пайи анҷоми ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки  тирамоҳи соли гузашта сурат гирифта буд, баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ намоиши дастовардҳоиӮзбекистон дар солҳои охир аст. Умедворам, ин намоишгоҳ ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард». Дар  намоишгоҳи имрӯзаи маҳсулоти Ӯзбекистон анвои мухталифи маҳсулоти саноатии ин кишвар, аз қабили мошинҳои сабукраву боркаш, техникаи кишоварзӣ, ашёи рӯзгор: яхдону кондитсинер, либосу пойафзол, доруворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *