«Зеркало»: Нигина Амонқулова ситораи №1 шуд

Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» натиҷаҳои пурсиши афкори умумро нашр кард, ки бар асоси он панҷгонаи маъруфтарин овозхонҳои тоҷик дар соли 2017 муайян шуданд.

Бар асоси пурсиши телефонии маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» дар Тоҷикистон, маҳбубтарин овозхони сол дар кишвар Нигина Амонқулова будааст. Аз миёни беш аз 600 ширкатдори пурсиши телефонии «Зеркало», ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ анҷом шудааст, наздики 15 дар сади пурсидашударо Нигинаро «овозхони маҳбуби худ» номидаанд. Дар паи ӯ Шабнами Сурайё қарор дорад, ки 8,1 % овози тарафдоронро соҳиб шудааст. Мақоми сеюми пурсиш ва ҳам ҷои аввалро дар миёни мардон Садриддини Наҷмиддин гирифтааст. 6,2 дарсади пурсидашудаҳо Садриддинро овозхони дӯстдоштаи худ номидаанд. Дар феҳрасти панҷгонаи овозхонони беҳтарин баъди Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Афзалшоҳ Шодиев ва Зиёвиддини Нурзод ҷой гирифтанд. Назархоҳии мазкур аз 15-ум то 18-уми декабр дар миёни 604 нафар ва тариқи телефон анҷом шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *