Зиёбековро аз қабр берун оварданд

Ҷасади Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшонро, ки рӯзи 25 ноябр кушта шуда буд, барои ташхиси дубора аз гӯр берун кардаанд.

Коршиносони судӣ-тиббӣ гуфтаанд, эҳтимол дар ҷасад ду тир боқӣ мондааст ва онро барои санҷиш бояд берун меоранд.

Марги Гулбиддин Зиёбеков дар рӯзи 25-уми ноябр боиси эътирози чорррӯзаи сокинон дар Хоруғ шуд ва мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мувофиқа расиданд, ки ин ҳодисаро одилона тафтиш мекунанд.

Интизор Зиёбеков, бародари Гулбиддин Зиёбеков гуфтааст, ки ҷасадро рӯзи 11-уми декабр берун карданд. Ӯ гуфт, ки ба хотири тафтиши одилонаи парванда ба берун кардани ҷасад ризоият доданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ташхис маълум шудааст, як тир дар камари ӯ зада шудааст ва аз дилаш берун шудааст.

“Онҳо чӣ ёфтанд ва ба чӣ натиҷа расиданд, ҳоло то охири тафтишот бояд интизор шавем. Ҳангоми берун кардани ҷасад намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳи онҳо буд”,—гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *