Жерар Депардйе ҳабс шуд

Суде дар Фаронса ҳунарпешаи маъруфи синамо Жерар Депардйеро бар асоси иттиҳоми хушунати ҷинсӣ нисбати ду зан ба 18 моҳи ҳабси шартӣ маҳкум намуд.

Прокурор талаб кардаааст, ки ҳунарпешаи 76-сола ба якуним соли ҳабси шартӣ ва 20 ҳазор евро ҷарима маҳкум шавад.

Ҷабрдидаҳо ду нафар буда, яке рассоми таҳиягари 54 ва дигаре ёвари коргардони 34-сола мебошанд. Онҳо соли 2021 ҳамроҳ бо Депардйе дар таҳияи филми «Пардаҳои сабз» кор кардаанд. Занҳо дар шикояти додгоҳӣ гуфтаанд, ки Депардйе ба узвҳои маҳрами онҳо даст мезад.

Худи ҳунарпеша иттиҳомро рад карда, гуфтааст, ки фақат занро аз даст расидааст, вале ин озори ҷинсӣ набуд. Солҳои охир наздик ба 20 зан дар бораи рафтори ғайриахлоқии Депардйе шикоят кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *