Жило Гулназарзода: Маоши омӯзгоронро 10 фоиз баланд бардоштем
Аз 1-уми январи соли ҷорӣ маоши омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10 фоиз баланд бардошта шуд.
Дар ин хусус имрӯз, 6 феврал Жило Гулназарзода, ректори донишгоҳи мазкур зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ректор гуфт, ки бо назардошти афзудани теъдоди тахассусҳо, кафедраҳо ва донишҷӯён 3 факултети нав-тарҷумони забони англисӣ, равияи омӯзгори забонҳои Шарқ ва муносибатҳои байналмилалӣ таъсис ёфтанд.
“Бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ихтисосҳои мавҷуда раёсати донишгоҳ 9 ихтисосро барои гузаронидан аз аккредитатсияи байналмилалӣ пешниҳод намуд. Коршиносони расмии Агентии мустақили аккредитатсия ва раддабандӣ сертификати гузаштан аз аккредитатсияро ба раёсати донишгоҳ супориданд”-изҳор дошт ректор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ