Зинаи 5-уми Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабук

Тибқи иттилои сомонаи all-athletics.com  чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабуки ИААФ миёни гурзандозон мақоми 5-умро ишғол мекунад.

Дар зинаи аввали рейтинг Павел Файдек — 1362 имтиёз, зинаи дуюм Войсех Новитский — 1288 имтиёз (ҳарду аз Лаҳистон), ҷойи сеюм Квентин Бигот — 1256 имтиёз (Фаронса) ва мақоми чорум Валерий Пронкин — 1249 имтиёз (Русия) қарор гирифтаанд.

Аз дастовардҳои Дилшод Назаров, ки дар ин раддабандӣ ба назар гирифта мешаванд, медали тиллои Бозиҳои олимпӣ, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали тиллои Бозиҳои Осиё ва Чемпионатҳои Осиё, медали нуқраи Чемпионати Осиё ва медали нуқраи Ҷоми Осиё ба ҳисоб гирифта шудааст.

Рекорди шахсии Дилшод Назаров — 80.71 метр мебошад, ки ба ин нишондиҳанда дар шаҳри Халл (Олмон) моҳи майи соли 2013 ноил гардида буд. Дар моҳи июни соли равон натиҷаи беҳтарини ӯ — 77.81 метр дар мусобиқаи Острава (Чехия) ба қайд гирифта шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *