Зинатуллоҳ Исмоилзода дубора раиси ИЖТ интихоб шуд

29-уми апрели соли равон дар ҷаласаи анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода бо иттифоқи оро дубора ба ҳайси раиси Иттифоқ интихоб гардид. Ӯ маротибаи дуюм аст, ки пайиҳам ба ин мансаб интихоб мешавад.

Исмоилзода нахустин бор моҳи январи соли 2016 ба унвони раиси Иттифоқи журналистон интихоб шуда буд.

Пеш аз раҳбарии Иттифоқи журналистон, Зинатуллоҳ Исмоилзода дар мақоми роҳбари Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва мудири телевизиони “Илм ва табиат” фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *