Зиёда аз 200 нафар курсантҳо ба вазифаҳои нав таъйин шуданд

Зиёда аз 200 нафар кормандони нав аз ҳисоби курсантҳо ба вазифаҳои мухталифи сохторҳои қудратӣ ва артиши Тоҷикистон таъйин шудаанд.

— Дар маросими супоридани хатми курсантҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа вазири дифои ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо фармони дахлдорро қироат кард,- гуфта мешавад дар иттилоияи дафтари матбуоти раёсати ҳарбӣ.

Курсантҳо ба сафи Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар барои адои хизмати мустақилонаи ҳарбӣ фиристода шудаанд. Ифтихорномаҳо дар рафти чорабинӣ аз ҷониби фармондеҳони қӯшунҳо ва шахсан Шералӣ Мирзо супорида шудаанд.

Вазири дифоъ зимни суханронӣ дар назди афсарон ба онҳо дар хизмати содиқона ва софдилона ба Ватан, давлат ва халқ, таҳкими истиқлолият ва ҳифзи тамомияти сарзамини кишвар комёбиҳо таманно намудааст.

Дар анҷоми қисми расмӣ курсантҳо ва ҳайати омӯзгорон аз паради хатмкунандагон гузаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *