Зиёни ҷиддии соҳибкорони тоҷик дар сӯхтори «Синдика»-и Маскав

Дар пайи сӯхтори шоми 8-уми октябр дар бозори масолеҳи сохтмонии «Синдика»-и шаҳри Маскав, беш аз даҳ соҳибкори тоҷик зиёни ҷиддии молӣ дидаанд. Зиёни расида ба соҳибкорони тоҷик то ҳол дақиқ нест, аммо матбуоти Русия хабар дод, ки тибқи ҳисоби пешакӣ зарари сӯхтор панҷ миллиард рублро ташкил медиҳад.

Сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Иброҳим Аҳмадов гуфт, ки дар ин бозор даҳҳо шаҳрванди кишвар машғули тиҷорату соҳибкорӣ буданд ва баробар бо дигар тоҷирон, моли бозаргонони тоҷик низ зиён дидааст.

Бозори масолеҳи сохтмонии «Синдика» дар Маскав 150 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад. Дар натиҷаи сӯхторе, ки тахминан 16 соат идома кард, 55 ҳазор метри мураббаи ҳудуди бозор ба коми оташ рафт. Сӯхторро бо чархболҳои обпош хомӯш карданд ва ҳоло комиссияи вижаи ҳукуматӣ зарари дақиқи расидаро ҳисоб мекунад.

Хабаргузории «РИА Новости» аз зиён дидани ду нафар дар пайи ин сӯхтор хабар додааст. Бархе хабаргузориҳо шумораи маҷрӯҳонро то 4 нафар арзёбӣ кардаанд. Шахсияти нафароне, ки осеби ҷисмонӣ дидаанд, ошкор намешавад. Феълан хабаре дар бораи талафоти ҷонӣ дар даст нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *