Зубайдзода: Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия идома дорад

146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки онҳо тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан оварда шудаанд. Дар миёни онҳо 42 нафар зан ва 104 нафар кӯдак мебошанд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

Қаблан Мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия бо имзои як санади расмӣ ин теъдод  занону кӯдаконро аз хонаводаҳои мубаллиғони ДОИШ*-ро ба намояндаи Тоҷикистон супурда буд.

“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”, — изҳор доштааст Фанар Кеит, муовини раиси Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон  дар Қувайт ҳам гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.

Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки «сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад».

*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *