Қатъи парвозҳо байни Душанбе ва Теҳрон

Намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии Somon Air ва Varesh Airline хабар доданд, ки парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон муваққатан қатъ гардидаанд. Сабаби ин тасмим баста шудани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.
Дар ин робита, парвози имрӯз, ки бояд аз ҷониби ширкати эронии Varesh Airline иҷро мешуд, низ лағв шудааст.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъкид карданд, ки қатъи парвозҳо барои таъмини амнияти мусофирон ва бо сабаби муваққатан баста шудани фазои ҳавоӣ сурат мегирад.

Барои шаҳрвандони Эрон, ки бинобар қатъи парвозҳо наметавонанд ба ватан баргарданд, раводиди муваққатии Туркманистон барои ҳаракат тавассути Ӯзбекистон ё Туркманистон ба Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Эрон қарор доранд, бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон автобусҳо ташкил шудааст, ки онҳоро ба марз бо Туркманистон мерасонанд. Дар марз, бо ҳамкории сафорат дар Ашқобод, мусофирон ба автобусҳои дигар барои бозгашт ба Тоҷикистон савор мешаванд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва консулгарии Тоҷикистон дар Машҳад идома медиҳанд, ки гурӯҳҳои шаҳрвандонро барои баргашт ба ватан ҷамъ оваранд. Ҳар гурӯҳ тақрибан 20 нафарро дар бар мегирад ва барои онҳо раводидҳои Туркманистон дар марз дода мешавад.

Аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки барои маълумоти бештар ва ҳамоҳангӣ бо намояндагиҳо дар тамос бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *