Қодиров писари 20-солаашро ба мақоми баланд таъин кард
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров рӯзи 5-уми январ таъиноти наверо эълон кард, ки бар асоси ин хабар писари калонаш Аҳмад Қодиров акнун муовини сарвазири ҷумҳурӣ мешавад.
Ҷавони 20-сола бо ин, ки вазифаи навро ҳам соҳиб шуд вале аз мансаби ҳозирааш, яъне вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аст нигоҳ медорад.
Аҳмад танҳо фарзанди Қодиров нест, ки дар дастгоҳи ҳокимияти Чеченистон мавқеи баланд дорад:
Зелимхон (19-сола) — писари дуюм, соли гузашта раиси Федератсияи муштзании Чеченистон шуд.
Одам (16-сола) — писари хурдтар, ҳоло дабири Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ аст.
Хадиҷа (24-сола) — духтари Қодиров, соли 2024 ба мақоми муовини аввали раиси дастгоҳи раҳбари Чеченистон расид ва то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад.
Таъиноти писарони ҷавон ба мансабҳои калидӣ нишондиҳандаи сиёсати Рамазон Қодиров дар мустаҳкам кардани нуфузи хонаводагиаш дар сохтори ҳокимияти минтақавӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ