Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар ДМТ (аксҳо)
Ҳамасола моҳи апрел дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишҳои илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад.
Аз ҷумла, 14 апрел бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ доир шуд.
Таъкид гардид, ки Донишгоҳи миллӣ дар самти самаранокии илмӣ яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ, на фақат дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои донишмандону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илми тоҷик дар хориҷ аз кишвар гаштаанд.




Сипас, дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ Шамсзода И.С. оид ба мавзуи “Рақамикунонии иқтисодии кишвар ва дурнамои он”, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология Саломиён М.Қ. доир ба мавзуи “Сайри маъноии калимаҳо дар чанд ғазали Ҳофизи Шерозӣ”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Назирӣ Л.Қ. оид ба мавзуи “Нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатисионӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот”, доктори илмҳои геология ва минерология, дотсенти кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети геология Файзиев Ф.А. доир ба мавзуи “Истихроҷ ва истифодаи металҳои асил – тиллову нуқра, дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Ваҳҳобзода Р.И. дар мавзуи “Боқӣ Раҳимзода – шоири соҳибмактаб” шунида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ