Ҳезуми Саидқул Билолов бисёр аст?
Дар Кангурти бостонӣ мардони зиндадилу зарофатгӯ бисёр буданду шукри Худо, имрӯз ҳам ҳастанд.
Нақл мекунанд, ки Бобои Саиди Апалоқ (ҷояш ҷаннати барин бод, як марди зарофатгӯи Кангурт) рӯзе аз савдо ба хонааш бармегардад. Чун вориди ҳавлиаш мешаваду халтаи савдояшро ба рӯи сӯфа мегузорад, овози завҷааш баланд мешавад.
– Дар хона як дона ҳезум, як дона тапак, як сари хас нест, ки аловро даргирониву нон пазӣ. Ин марди хона бузеро ба барге кор надорад, шаб рӯз ки шуд, халтаашро мегираду меравад, кошки аз ин савдояш ягон фоидае бошад. Шикамаш ки гурӯсна монд, ба хона меояду дегро ба дег мезанаду шӯреро ба по мехезонад. Андешае ба сар надорад, ки надорад…
Аз ин суханҳои завҷааш мӯсафед ба шӯр омада бошад ҳам, тоқатро ба худ ихтиёр мекунаду оҳиста ба болои каташ мебарояд.
Дар ҳамин лаҳза назараш ба радиои деворӣ меафтад ва барои лаҳзае фориғ гаштан аз ғаму ғӯссаҳо мурвати радиоро тоб медиҳад. Хас бахил, болои сӯхта намакоб, аз радио садои:
– Бибор, эй Барф, Бибор, Эй Барф…,- бо овози марғуладори сарояндаи хушадо Саидқули Билол танинандоз мешавад. Аз ин бобои Саид дар ғазаб шуда, мегӯяд:
– Ин Саидқули Билолро ҳезумаш бисёр аст чӣ, ин қадар баланд; – Бибор, эй Барф, Бибор, эй Барф мегӯяд!
Нусратуллоҳи КАНГУРТӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ