“Ҳосилот” бо Самандар Шарипов шартномаи варзишӣ баст
Роҳбарияти дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор бо Самандар Шарипов – бозингари соҳибтаҷриба шартномаи варзишӣ ба имзо расонид.
Гуфта мешавад, ки Самандар Шарипов дастпарвари дастаи “Сомон”-и ноҳияи Данғара буда, фаъолияти варзишии худро солҳои 2016- 2017 аз ҳамин даста оғоз кардааст.
Мавсуф соли 2018-ум ба дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар гузариш намуда, як мавсим дар ҳайати асосӣ майдондорӣ кардааст.
Ӯ солҳои 2019-2020 аз шарафи тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ҳимоят карда, то омадан ба “Ҳосилот” дар “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ҳунарнамоӣ мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ