Ҳушдор ба сокинони Душанбе

Сокинони шаҳри Душанбе бо ирсоли СМС – паёмак огоҳ карда шуданд, ки аз истифода намудани чанд дастгоҳи барқӣ дар як вақт худдорӣ намоянд. Дар паём таъкид мешавад, ки истифодаи асбобҳое мисли обгармкунак, дарзмол, плитаи барқӣ, тафдони барқӣ ва мошини ҷомашӯӣ дар як вақт метавонад истифодаи нерӯро аз меъёри иҷозашуда зиёд кунад.

“Дар ҳолате, ки истеъмол аз 4 кВт зиёд шавад, интиқоли нерӯи барқ ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад. Дар чунин ҳолат аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки асбобҳои барқиро хомӯш намуда, истеъмолро коҳиш диҳанд ва интизори барқарор шудани барқ бошанд”,-омадааст дар паёмак.

Мақомот ин маҳдудиятҳоро муваққатӣ хонда, мегӯянд, ки онҳо бо мақсади сарфаи об дар обанборҳо ҷорӣ шудаанд, зеро коҳиши ҷараёни об ба истеҳсоли нерӯи барқ таъсир мерасонад. Аммо то кадом рӯз идома ёфтани ин тадбирҳо ҳанӯз маълум нест.

Шаҳрвандон барои маълумоти бештар метавонанд ба рақами 44 650 66 00 тамос гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *