Ғафуров кист? Президенти Ҳиндустон ба ин суол посух дод

Баробари ба зодгоҳам — деҳаи Урметан расидан ба мутолиаи китоб пардохта, ба муаллифи асар сано хондам. Дарк намудам, ки Шарифи Ҳамдампур тоҷики асилу бебокест, ки бо ҳувияти тоҷикона саҳифаҳои рӯзгори муаллифи шаҳкитоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуровро варақгардон намудааст.

Ин китоб, дар ҳақиқат, нуктаҳои печидаи таърихи начандон дури миллати моро боз мекунад. Муаллиф бо забони сода ва камоли осонбаёнӣ хонандаи ҳамзамони моро аз ҳодисаҳо, сарнавиштҳо, дардҳо, ранҷҳо ва муваффақиятҳо огоҳ менамояд. Ҳаққо, ки он дастури хуби тарбият барои толибилмони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар мебошад. Ин китоб пур аз сӯзу гудози як марди сарсупурдаи миллат мебошад ва бояд аз нигоҳи хирад таҳлил карда шавад.

Аз муҳтавои китоб бармеояд, ки бинобар донишу хиради азалӣ, рафтору кирдори нек ва ғайрату ҷасорат Бобоҷон Ғафуровро роҳбарони ҳамондавра И. В. Сталин, Н. С. Хрушёв, Г. М. Маленков, А. А. Жданов, Л. И. Брежнев ва дигарон эҳтиром менамудаанд: «Бобоҷон Ғафуров ба ёд меоранд, ки вақте соли 1946 маро ба роҳбари аввали Тоҷикистон пешниҳод намуда, дар ҳузури Сталин хислатномаамро мехонданд, ногоҳ ҳама хомӯш монданд. Сталин ба ҳозирин рӯй оварда, ба ман синчакорона нигоҳ карда, гуфт: «Оё ин ҳамон Ғафуровест, ки соли 1942 ҳатто аз рафиқ Сталин наҳаросидааст? Агар ӯ ин хел ҷасур ва нотарс бошад, пас номзадиашро тасдиқ намоед!».

Дар китоб розу ниёзҳои зиёд ва армонҳои бахокрафтаи бузургони миллат низ бисёранд. Мутаассифона, гоҳо дар баъзе аз давру замонҳо тоҷик ба дасти худ фарзонафарзандонашро инкор намуда, ба коми нестӣ кашидааст. Ин ҷо боз як мисоли дигареро аз ин китоб пешкаши хонандаи азиз менамоям.

Посухи Шарифи Ҳамдампур ба коргардони маъруфи тоҷик, ки муаллиф номашро наовардааст, хеле аҷиб аст. Вақте коргардон «Ғафуров кист, ки дар борааш филм месозӣ?!» гуфта, пурсон мешавад, Шарифи Ҳамдампур воқеаеро ба ёд меорад. Ӯ дар ин маврид мулоқоти Бобоҷон Ғафуровро бо Президенти Ҳиндустон Зокир Ҳусейн хотирнишон месозад. Онҳо дар рӯи гилеми қолин тӯлонӣ ба якдигар мушоҳидакорона нигоҳ карда механданд. Баъд аз лаҳзаи хомӯшӣ Ғафуров бо қатъият ба Зокир Ҳусайн рӯй оварда, мегӯяд: «Ту бузургтарин мусулмон дар ҷаҳон ҳастӣ, ки дар давлати ҳиндуҳо Президент шудӣ!». Баъд аз чанд лаҳзаи хомӯшии тӯлонӣ Зокир Ҳусайн нигоҳашро ба нигоҳи Ғафуров дӯхта, мегӯяд: «Ин ту бузургтарин мусулмон ҳастӣ! Ту суннати ниёгонро фаромӯш накардӣ ва дар давлати бединон ба мақому мартабаи бузург соҳиб шудӣ! Ту марди хирадманд ҳастӣ, Ғафуров!».

Баъд аз хондани ин суханони сарвари як давлати бонуфузтарини дунё дар ҳаққи Бобоҷон Ғафуров ашки шодиву ифтихор рухсораҳоямро тар намуданд.

Ин гуна мисолҳо аз ҳаёти Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб бисёранд. Бовар дорам, ки китоби мазкур барои пур намудани як бахши холигоҳи шинохти аллома Бобоҷон Ғафуров нақши мондагор хоҳад дошт.

Ҳафизмурод МИРЗОЁРОВ,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.