Ғалаби «Истиқлол» бар «Аз-Завра»

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё бар тими «Аз-Завра»-и Ироқ пирӯз шуд.

Ин бозӣ шоми 22 октябр дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи «Истиқлол» анҷом ёфт.
Ҳарчанд футболбозони меҳмон дар дақиқаи 4-уми дидор аввалин голро заданд, аммо Амирбек Ҷӯрабоев (дақиқаи 20) ва Пол Комолафе (84) бо голҳои худ натиҷаро баргардонданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «D», дастаи «Ан-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар сафар тими «Гоа»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Пас аз се давр, «Ан-Наср» бо 9 имтиёз дар ҷои аввал, «Истиқлол» бо 6 имтиёз дар ҷои дуюм, «Аз-Завра» дар ҷои сеюм ва «Гоа» дар зинаи чаҳорум қарор доранд.
Бозии навбатии «Истиқлол» дар доираи даври панҷуми марҳилаи гурӯҳӣ дар сафар бо тими «Аз-Завра» баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *