Ғолиб Мусоев чӣ будани “бумеранг”-ро нишон дод
Дар мо бисёр мегӯянд, ки қисме аз талбандагон дар асл дастнигар не, балки мардумро фиреб медиҳанд, аз содагии онҳо истифода мебаранд ва ғайраҳо. Блогерони шинохта Ғолиб Мусоев ва Сафаралӣ Раҷабов дар саҳифаи Инстаграмашон доир ба “бумеранг” будани ин ҳолат, яъне фиребгар рӯзе ба доми фиреб меафтад, наворе таҳия намуданд.
Дар он дида мешавад, ки марде ба кӯдаки талбанда ниҳоят зиёд ғамхорӣ мекунад.
– Ҳоло дар ҷайбам пул надорам, аммо рафтем мӯйи саратро паст кунам ва аз ин баъд туро пурра дастгирӣ мекунам,- мегӯяд ӯ.
Онҳо ба сартарошхона мераванд. Мард аввал мӯйи сари худро паст мекунад ва ба сартарош мегӯяд, ки ба бачаам хизмат расонед, ман газета харида меоям. Ҳамин тавр, мард дигар барнамегардад ва талбанда ҳайрон мемонад, ки чӣ кор кунад.
Максад, ҳушдор ба талбандаҳои қалбакист, ки ба эҳсосу боварии мардум бозӣ накунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ