Қадрдонии бесобиқаи омӯзгорон дар Ҷайҳун

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар рӯзи таҷлил аз 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимӣ қадрдонӣ шуданд. Чунин қадрдонии омӯзгорон то ҳанӯз дар ин ноҳия собиқа надоштааст.

Алишер Каримов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки аз рӯйи чор номинатсия — роҳбари синфи беҳтарин, директори беҳтарин, беҳтарин омӯзгори омодагии дифои ҳарбӣ ва беҳтарин омӯзгори фанҳои дақиқ омӯзгорон қадрдонӣ шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки омӯзгорони фаъол бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадр карда шудаанд: “Чор омӯзгор ҷойи аввал, чор омӯзгор ҷойи дуввум ва чор омӯзгор созовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҷойи аввал 7 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуввум 5 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд. Боз омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимӣ бо ифтихорномаҳои мақомоти маҳаллӣ сарфароз карда шуданд”.

Алишер Каримов мегӯяд, ки дар чунин сатҳ қадрдонии омӯзгорон то ҳанӯз дар ноҳияи Ҷайҳун собиқа надошт. Ӯ афзуд, ки ин иқдом пеш аз ҳама баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва беҳтар намудани сифати таълим мусоидат мекунад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *