Қаллобӣ бо роҳи нашри эълони бардурӯғ
Нашри эълонҳои бардурӯғ дар бораи иҷораи манзили истиқоматӣ дар интернет ба яке аз усулҳои маъмултарини қаллобӣ табдил ёфтааст.
Бо вуҷуди он ки мақомоти милитсия борҳо шаҳрвандонро дар ин замина огоҳ намудаанд, ҳамоно чунин ҷиноятҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Ҳасанова Нилуфар, аз ҷониби кормандони Шуъбаи корҳои дохилии №1 ноҳияи Сино бо гумони қаллобӣ боздошт гардидааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда дар сомонаи интернетии «Сомон-ТҶ» эълони бардурӯғ нашр намуда, бо баҳонаи ба иҷора додани манзил, аз шаҳрвандон маблағҳоро ҳамчун пешпардохт тариқи ҳамёни электронӣ дарёфт карда, онҳоро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Зимни санҷиш муайян шудааст, ки Ҳасанова Н. бо истифода аз рақамҳои зерин: 013388282, 938380590, 115116550, 985500860 шаҳрвандонро фиреб додааст.
Мақомот аз нафароне, ки шояд аз кирдори мазкур ҷабр дида бошанд, хоҳиш мекунанд бо рақами 018-02-02-02 ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.
Мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми анҷоми муомилаҳои молиявӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ эҳтиёткор бошанд ва танҳо пас аз санҷиши муътамади маълумот ба пардохти маблағ розӣ шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ