Талаботи нав барои зоирони Ҳаҷ

Арабистони Саудӣ барои зоирони Ҳаҷ қоидаи нави тиббиро ҷорӣ намуд. Акнун ҳамаи довталабони сафар ба Ҳаҷ бояд пеш аз гирифтани раводид (виза) аз ташхиси пурраи тиббӣ гузаранд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, маълумотномаҳои тиббӣ аз ин ба баъд тавассути пойгоҳи махсуси «Nusuk» таҳия мешаванд.

Дар асоси феҳристи нав, шахсоне, ки ба бемориҳои вазнини дилу гурда, бемориҳои музмини шуш, бемориҳои асаб, саратон ё бемориҳои сироятӣ гирифторанд, инчунин занони ҳомила, наметавонанд барои анҷоми Ҳаҷ сафар кунанд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ таъкид намудаанд, ки ин маҳдудиятҳо барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи саломатии зоирон ҷорӣ шудаанд. Ин тадбирҳо пас аз марги беш аз 1300 зоир дар мавсими Ҳаҷи соли 2024 ба иллати гармои шадид (51 дараҷа) роҳандозӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол зиёда аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои адои Ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *