Ҳаҷми сармояи Амонатбонк аз 1 миллиард сомонӣ гузашт

Ҳаҷми сармояи Амонатбонк дар нимсолаи аввали соли 2025 ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин бора имрӯз, 5 август раиси Амонатбонк Алиҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ зикр намуд, ки Амонатбонк ҳамчун яке аз ниҳодҳои пешбари низоми бонкии кишвар саҳми назаррас дар таъмини дастрасии молиявӣ ва дастгирии бахшҳои афзалиятноки иқтисод дорад.

Ба иттилои раиси бонк, дар шаш моҳи соли ҷорӣ танҳо ба соҳаи саноат 130 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат оид ба рушди истеҳсолоти ватанӣ сурат мегирад.

Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии донишҷӯён, хонандагон ва падару модарони онҳо, Амонатбонк иқдоми махсуси «Нури дониш»-ро роҳандозӣ намудааст. Тибқи он, шахсони хоҳишманд метавонанд бо фоизи 16% солона маблағи аз 10 то 30 ҳазор сомонӣ қарз гиранд. Ин қарз ба ҳадафи дастгирии хароҷоти таҳсил ва ниёзҳои омӯзишии донишҷӯён равона шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *