Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия оғоз шуд

Аз 28-уми апрел то 2-юми майи соли 2025 дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор мешавад. Ба ин муносибат дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазир Амирзода Абдухолиқ, роҳбарони намояндагиҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ЮНИСЕФ, Гави ва дигар шарикони байналмилалӣ ҷаласа баргузор гардид.

Дар чорабинӣ инчунин директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ва намояндагони як қатор муассисаҳои тандурустии кишвар, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, мақсади асосии Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи аҳамияти эмгузаронӣ ва нақши он дар пешгирии бемориҳои сироятии хатарнок мебошад.

Имсол, ҳамзамон 50-солагии Барномаи васеъи иммунизатсия дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад. Барнома соли 1974 таъсис ёфта, аз он замон то имрӯз, ҳамчун яке аз абзорҳои муассир дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дар саросари ҷаҳон хизмат мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ аҳамияти хосса ба рушди барномаҳои иммунизатсия медиҳанд ва барои фарогирии бештари аҳолӣ бо ваксинаҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *