Ҳайкали думетра ва биринҷии Трампро ба худаш тақдим карданд

Муҷассамаро ба роҳбари амрикоӣ директори генералии ширкати “Sticker Mule” Энтони Константино тӯҳфа кард, ки оиди ин дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х навиштааст.

Ба гуфтаи соҳибкор, Трамп дар ифтитоҳи муҷассама вақте бори аввал онро дид, аз ифтихор медурахшид.

Ин муҷассама дар байни бинои клуби Trump International гузошта шудааст, то ҳамаи меҳмонон онро бубинанд.

Ҳайкал номи “Монументи нофармонӣ” – ро гирифт. Дар муҷассама Трамп бо либоси расмӣ ва дасти болову мушти фишурда тасвир шудааст. Дар чунин ҳолат, ӯ пас аз сӯиқасд дар як гирдиҳамоии интихоботӣ дар Пенсилвания моҳи июли соли 2024, вақте ки тир ба гӯшаш расид, дар назди мардум ҳозир шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *