Ҳушдори Хадамоти алоқа аз афзоиши зангҳои фиребгарон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия эълон кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи зангҳои қаллобон, ки худро намояндаи ширкатҳои мобилӣ муаррифӣ мекунанд, зиёд шуда истодааст.

Ба гуфтаи манбаъ, қаллобон бо занг ё SMS бо баҳонаи “фаъол кардани хизматрасониҳои нав” аз шаҳрвандон талаб мекунанд, ки рамзҳо, пайвандҳо ё маълумоти шахсии худ­ро пешниҳод кунанд.

Хадамоти алоқа аз мардум хоҳиш кардааст, ки ба чунин зангҳо ва паёмҳои рамзталаби рақамҳои ношинос ҷавоб надиҳанд ва ҳеҷ гуна маълумоти шахсиро надиҳанд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳамаи пешниҳоди расмӣ дар бораи хизматрасониҳои нав танҳо аз тариқи рақамҳои тасдиқшудаи операторҳо ва каналҳои расмӣ сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *