Ҳушдори Мирзиёев ва ваъдаи Толибон. Нишасти Тошканд чӣ натиҷа медиҳад?

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз Толибон даъват кард, ки равобит бо созмонҳои байналмилалии террористиро қатъ кунанд. Толибон бошанд, ваъда карданд, ки Афғонистон дигар ба кишварҳои минтақа хатар эҷод намекунад.

Паёми Мирзиёев

Ин нуктаҳо рӯзи 26-уми июл дар конфронси байналмилалии “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ”, ки бо ширкати Толибон дар Тошканд оғоз шуд, садо дод. Президенти Ӯзбекистон аз ҳукумати кунунии Афғонистон даъват кардааст, ки иродаи устувор нишон диҳанд ва барои пешгирӣ ва муқовимат бо терроризм дар ҳама шаклу зуҳуроташ чораҳои қатъӣ андешанд ва иртибот бо ҳама созмонҳои террористиро қатъ кунанд.

Сомонаи Podrobno.uz менависад, ки Мирзиёев ҳамчунин аз ширкаткунандагони конфронс даъват кард, ки саъю кӯшиши худро ба фароҳам овардани заминаҳои воқеии рушди Афғонистон ҳамчун кишвари осоишта, босубот ва шукуфону орӣ аз терроризм ва маводи мухаддир равона созанд. Ба гуфтаи ӯ, бидуни субот дар Афғонистон ба амният ва рушди устувор дар Ӯзбекистон ва дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ноил шудан ғайриимкон аст. Ҳамчунин, Шавкат Мирзиёев оид ба тавсеаи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Афғонистон суҳбат кард.

Мавқеи Толибон

Дар ҳамин ҳол, Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷаи Афғонистон итминон додааст, ки қаламрави кишвараш дигар ба Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои минтақа хатар эҷод намекунад.

«Уҳдадориҳои ҷониби Афғонистон барои нигоҳдорӣ ва густариши ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон, ки наздиктарин ва боэътимодтарин шарики ин кишвар аст, таъкид шуд. А. Муттақӣ итминон дод, ки қаламрави Афғонистон дигар барои Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои минтақа хатаре нахоҳад дошт”,- омадааст дар муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар бораи натиҷаҳои музокирот.

Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ин кишвар аз Толибон даъват кардааст, ки барои зудтар иҷро кардани талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъсиси ҳукумат бар асоси намояндагии васеъ, эҳтироми ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои миллӣ ва таъмини духтарони тоҷик барои дастрасӣ ба таҳсилоти пурраи мактабӣ чораҳои муассир андешад.

Умедвории ИМА

Afghanistan International хабар медиҳад, ки дар ин нишасти байналмилалӣ намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Том Вест гуфтааст, ки Вашингтон омода аст бо Толибон масъалаи озод кардани дороиҳои молии Афғонистонро баррасӣ кунад. Ҳамзамон, вай таъкид кардааст, ки тавассути муколама бо Толибон ниҳодҳои байналмилалӣ бояд ба шаффофият дар ин замина итминон дошта бошанд. Том Вест тавзеҳ додааст, ки дар ҳоле, ки кишвараш бо Толибон даргир аст, бо наздик шудани зимистон, мардуми Афғонистон бо мушкилоти бештаре рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Толибон умедворанд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳояшонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик мекунад.

Роҳи Толибон ба ҷаҳон боз мешавад?

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон 25-26-уми июл дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сатҳи сардори раёсат ва як корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар конфронс намояндагони махсус оид ба Афғонистони Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Италия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Русия, ИМА, Туркия, дар маҷмуъ, намояндагони 100 кишвар иштирок мекунанд.

Қаблан Толибон изҳори умедворӣ карда буданд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳояшонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик мекунад ва ба интизориҳову талаботи ҳукумату мардуми Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

Тоҷикистон аз замони ба сари қудрат омадани Толибон ҳукумати онҳоро эътироф накардааст. Талаби Тоҷикистон ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.