Ҳушдори Саудӣ ба Иморот:  Аз ҷудоиталабони ҷануби Яман ҳимоят накунед

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбе 30-уми  бо пахши баёнияе аз Имороти Муттаҳидаи Араб хостааст, ки ба сиёсати кӯмакрасонӣ аз ҷудоиталабони ҷануби Яман поён диҳад.

Ин баёния чанд соат пас аз он содир шуд, ки эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ дар Яман эълон кард, як ҳамлаи ҳавоии «маҳдуд»-ро алайҳи он чи «дастгирии низомии хориҷӣ» дар бандари Ал-Мукалло номида шуд, анҷом додааст ва аз ғайринизомиёни ҳузурдошта дар ин бандар, воқеъ дар вилояти Ҳазрамут, хост то иттилои баъдӣ минтақаро тарк кунанд.

Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, равиши Имороти Муттаҳидаи Араб дар ҳимоят аз шӯришиёни ҷудоиталаби ҷануби Яман, маъруф ба «Шӯрои интиқолии ҷануб», таҳдиде алайҳи манофеи Арабистони Саудӣ, ҳокимияти миллии Ҷумҳурии Яман ва субот дар тамоми минтақа эълон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *