Ҷӯрабек Муродов дар Рӯзи “Шашмақом” куҷо буд?

Мо Ҷӯрабек Муродовро зуд пайдо кардем. Бо лаҳни ба худаш хос, баробари бардоштани гӯшӣ садои “лаббай” ба гӯш расид. Хостем гӯем “ба лабатон шакар”. Вале медонистем, ки бе ин ҳам лаби ин ҳофизи маъруфи тоҷик на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон ҳамеша ширин аст.

Барои мо муҳим буд, бидонем, ки ин Ҳунарманди халқии СССР, ҳофизи дӯстдоштаи мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон, мунодии Сулҳ ва Дӯстӣ дар Рӯзи “Шашмақам” ба кадом кор машғул буд.

Ҷӯрабек Муродовро дар Хуҷанд, маркази фарҳангии тоҷикон пайдо кардем. Ӯ изҳор кард, ки ҳамасола ин рӯзро бо хушӣ интизор аст. Имсол дастаи шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, 20-сола шудааст, ки ба Рӯзи “Шашмақом” мувофиқ омадааст. Ба ифтихори ин рӯз дастаи ҳунарӣ дар “Кохи Суғдиён” базми суруду ҳунар роҳандозӣ кардааст.

Мо аз репертуари ин консерт пурсон шудем. Ҷӯрабек Муродов изҳор намуд, ки дастаи ҳунарии ӯ аз мақомҳои “Ироқ”, “Бузург”, “Наво”, ”Дугоҳ”, “Сегоҳ”… номерҳои консертӣ иҷро намудааст. Ҳамчунин, ҳофизони даста аз оҳангу сурудҳои Содирхон, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Барно Исҳоқова, Мерё Аминов, Маъруфхоҷа Баҳодур, Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Абдулло Назриев… номерҳо омода сохта, баромад кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *