Аз “облава” гурехту дар дохили трансформатор ҷон дод

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаи маъруф ба “Водонасос”-и шаҳри Душанбе ҳангоми “облава” боиси марги як ҷавон шудаанд.

Ин ҷавон дар пайгарди кормандони ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтааст. Сипас, ӯ дохили трансформатор, ки дараш боз будааст, даромада, дар натиҷа барқи баландсуръат нобудаш кардааст. Мардум низ ин ҳодисаро мушоҳида кардаанд. Ин хабарро як нафар хонандаи Pressa.tj расонд.

Барои маълум намудани асли воқеа бо сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ иртибот гирифтем. Ӯ аз қазия изҳори бехабарӣ кард.

Сипас Pressa.tj бо мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки маҳаллаи “Водонасос” дар ҳудуди ин ноҳия дохил мешавад, дар тамос шуд.

Диловар Баротзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳодисаро шунин шарҳ дод: “Ҳодиса нисфирӯзии 12-уми май дар кӯчаи Гагарин, назди бозори “Варзоб” рух дод. Марди тақрибан 30-35-сола, ки мувофиқи маълумоти ба мо расида ӯ бомж аст ва аз беэҳтиётӣ вориди трансформатор шуда, фавтидааст. Ҳоло шахсияти вайро маълум карда истодаем”.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ин трансформатор дараш боз асту ҷони одамон зери хатар мегузорад?

Вақтҳои охир аз “облава” шудани ҷавонон дар манотиқи кишвар зиёд навору хабарҳо аз тарафи корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасанд. Ҳол он ки, мувофиқи нақша 21-уми апрел муҳлати даъвати наваскарон ба охир расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *