Ҷаримаи наздики 10 ҳазор ронанда дар Хатлон

Дар доираи баргузории амалиёти «Тасмаи бехатарӣ» дар вилояти Хатлон наздики 10 ҳазор ронанда ҷарима шуданд.

Масъулин мақсади баргузории амалиёти мавриди назарро пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегӯянд. Ба иттилои расида, аз 1 то 10 апрели соли ҷорӣ дар доираи амалиёти «Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо» 9 ҳазору 76 ронандаи нақлиёт ҷарима шудаанд.

Ҳамчунин, нозирони шуъбаи Бозрасии давлатии автомабилӣ дар вилояти Хатлон дар доираи амалиёти мазкур дар корхонаву муассиса, терминалҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо сокинон вобаста ба қоидаҳои дурусти ҳаракати роҳу нақлиёт суҳбат гузарониданд.

“Таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки ронандагон ва мусофирон аз беаҳамиятӣ тасмаи бехатарии воситаи нақлиётро истифода накардаанд, оқибат ба ҷароҳату ҳалокшавии шаҳрвандон анҷом ёфтааст. Истифодаи тасмаи бехатарӣ, пеш аз ҳама, кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофирон аст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *