Ҷавонон ба марҳилаи интихобӣ омода мешаванд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Аз 18 то 24-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор силсилаи бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои олимпии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад. 18-уми июн мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон бозӣ мекунад.
Пас аз се рӯз, 21-уми июн дар Ҳисор бозӣ миёни тимҳои олимпии Қирғизистону Ҳиндустон баргузор мешавад. Ва ниҳоят, рӯзи 24-уми июн дастаҳои олимпии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам бозии дӯстона мегузаронанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ